Дар Душанбе намоишгоҳи "Истеҳсоли Хитой"-Тоҷикистон 2017" оғоз гардид

© Sputnik / Стас ЭтвешТоргово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017
Торгово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Кохи Борбад маросими расмии оғози Намоишгоҳи "Истеҳсоли Хитой"-Тоҷикистон 2017 баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар Душанбе намоишгоҳи "Истеҳсоли Хитой"-Тоҷикистон 2017" оғоз гардид, иттилоъ Палатаи савдо ва саноати ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи намоишгоҳ рӯзи гузашта дар Кохи Борбад баргузор гардид.

Тавре манбаъ меафзояд, дар намоишгоҳ зиёда аз 70 ширкат ва корхонаҳои бонуфузи музофоти Шандун, Хенан, Хубей ва музофоти мухтори Синҷон-Уйғури Чин ширкат карданд.

Манбаъ қайд мекунад, мақсад аз ташкили намоишгоҳи "Истеҳсоли Хитой"-Тоҷикистон 2017" рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, дарёфти шарикон, ҷалби сармояву технологияҳои муосир, афзоиши ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба мебошад.

Имрӯз дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши соҳибкорони Чин ва  Тоҷикистон баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0