Рустам Эмомалӣ аз рушди иқтисодиву иҷтимоии Душанбе ҳисобот медиҳад

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 11 декабри соли 2017, соати 9:00 баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо тавсиби як қарор вакилони халқи шаҳри Душанберо ба маҷлис даъват кард. Қарори мазкурро дафтари матбуотии шаҳри Душанбе мунташир кардааст.

Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 11 декабри соли 2017, соати 9:00 баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар ин маҷлис худи шаҳрдори Душанбе дар  бори рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ҳисобот медиҳад.

Ҳамчунин дар иҷлосия, буҷаи шаҳр, рушди иқтисоду савдо дар пойтахт баррасӣ хоҳад шуд.

Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум хоҳиш карда шавад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

Лентаи хабарҳо
0