ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз бозгашти панҷ кӯдаки бесарпарасти доғистонӣ аз Ироқ ба Русия хабар дод.
"Мехоҳам милёнҳо шаҳрванди Русияро хушнуд кунам. Ин дақиқаҳо ҳавопаймое аз Бағдод ба Грознӣ парвоз дорад, ки дар он узви Шурои Федеросюн Зиёд Сабсобӣ кӯдакони хурдсолро ба Меҳан боз меорад. Дар миёнашон Марям Шиҳобудинова, Хадиҷаву Фотима Зайнукова, Султонмурод Алиев ва Алӣ Муҳаммадов ҳастанд", — навиштаст Қодиров дар шабакаи Instagram.
Ба гуфтаи вай, Марям захмӣ шуда аст, аз ин рӯ дар фурудгоҳ гурӯҳи пизишкон пешвозаш мегиранд.
Ба гуфтаи вай, Марям захмӣ шуда аст, аз ин рӯ дар фурудгоҳ гурӯҳи пизишкон пешвозаш мегиранд.
Қодиров ёдоварӣ карда, ки падару модарони ҷавон фирефтаи таблиғоти доишиён шуда, кӯдаконашонро низ ба Ироқу Сурия бурданд. "Худ кушта шуданду ҳаёти фарзандонашонро низ сӯхтанд".
Чанде пеш хабар дода шуд, ки дар яке аз ятимхонаҳои Ироқ 5 духтарак ва писараке пайдо шуданд, ки ба забони русӣ ҳарф мезананд.
Хабарнигори Russia Today ба ин ятимхона рафта, аз аҳволи онҳо хабар гирифта буд. Пас аз он гузориш маълум шуд, ки яке аз ин панҷ кӯдак аз Тоҷикистон аст.
Худи Марям гуфта буд, ки дар Миср таваллуд шудааст ва як додар ва хоҳар низ доштааст, ки онҳо ҳам дар Миср таваллуд шудаанд, аммо онҳо чанде пеш кушта шудаанд.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ҳама ниҳодҳои Тоҷикистон расман дархост кардааст, ки дар шиносоии ҳувият ва миллияти Марям ва хонаводааш ҳамкорӣ кунанд.
Сафорат мегӯяд, агар маълум шавад, ки Марям аз Тоҷикистон аст, кишвар ҳама талошашро хоҳад кард то ӯро ба Тоҷикистон бар гардонад.
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ҷустуҷӯи наздикони Марям идома дорад, аммо ҳоло натиҷаҳо маълум нашудаанд. Умед меравад, ки касе ба воситаи наворҳои мунташирёфта ва акси духтарак ӯро мешиносад ва ӯ низ ба Тоҷикистон бар гардонида мешавад.
Акнун дониста аст, ки дар миёни он кӯдак ду Марям буда, ки яке аз Русия ва дигаре аз Тоҷикистон ҳастанд.