ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода дар феҳристи беҳтарин варзишкори сол, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) омода шудааст, дар сатри аввал ҷой гирифт.
Мақоми дуввумро дар раддабандии беҳтарин варзишкори сол, Комроншоҳи Устопириён ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар вазни 90 кг дар Ҳонконг бо медали тилло сарфароз шуд, гирифтааст.
Дар мақоми саввум Дилшод Назаров ҷой гирифт. Ӯ дар сабқати варзишӣ дар Ҳиндустон гурзро ба масофаи 76 метру 69 сантимерт ҳаво дода, соҳиби меддоли тилло шуд.
Ҳамчунин ба даҳгонаи беҳтарин варзишкорони сол Акмалиддин Каримов (самбо), Темур Раҳимов (дзюдо), Сомон Маҳмадбеков (дзюдо), Ҷамолиддин Абдуллоев (гуштии озод), Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ), Ҷаҳон Қурбонов (бокс), Миҷгона Самадова (кикбоксинг) барои ғолибият дар сабқатҳои бонуфуз ҷой гирифтанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Беҳрӯз Хоҷазода пас аз 42 сол қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимовро такрор карда, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо шуд.
Пештар хабар дода шуд, ки Кумитаи олимпӣ ба варзишкорони тоҷик барои ширкат дар сабқатҳои бонуфуз кумакпӯлӣ ҷудо кард.
Ҳамин тариқ, аз дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии олимпӣ варзишгарони зерин бархӯрдор мегарданд:
Назаров Дилшод (варзиши сабук) — 900 доллар, Устопириён Комроншоҳ (дзюдо) — 700 доллар, Саидов Саидҷалол (дзюдо) — 700 доллар, Хоҷазода Беҳрӯз (дзюдо) — 500 доллар, Искандари Рустам (гуштини озод) — 500 доллар, Даминов Шаҳриёр (қайиқронӣ) — 450 доллар, Боқиев Суҳроб (дзюдо) — 350 доллар, Маҳмадбеков Сомон (дзюдо) — 350 доллар, Негматуллоев Шаббос (бокс) — 350 доллар, Баҳромзода Фарангис (каратэ) — 200 доллар, Ғаффорова Мадина (бокс) — 200 доллар, Зулқайнарова Шоира (бокс) — 200 доллар, Климик Карина (шиноварӣ) — 200 доллар, Қаландарова Шоҳида (дзюдо) — 200 доллар, Пронженко Кристина (варзиши сабук) — 200 доллар.