Ҷашни зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ дар Душанбе

© Фото : Аз хадамоти матбуоти Маркази исмоилияТаҷлили Рӯзи мавлуд дар Душанбе
Таҷлили Рӯзи мавлуд дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе 81-умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ ҷашн гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 19 дек— Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии Маркази исмоилия гузориш медиҳад.

Чорабиниҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ дар  Маркази исмоилияи Душанбе ду рӯз 12-ум ва 13-уми декабр баргузор шудаанд.

Ба гузориши манбаъ, рӯзи аввал фарҳангиён қасидахонию мадҳиясароӣ кардаанд. Рӯзи 13-уми декабр дар Маркази исмоилия барномаи ҳунарӣ баргузор шудааст, ки дар он овозхонҳои номдор Шуҳрат Сайнаков, Фирӯз Паллаев ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Манбаъ меафзояд, ки дар ин ҷашн беш аз 6 ҳазор кас ширкат кардааст.

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Исмоилиёни Тоҷикистон рӯзи “Мавлуд”-ро таҷлил мекунанд

Ёдоварӣ мекунем, ки порсол ба муносибати 80-умин солгарди зодрӯзи Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ дар толори консертии "Россия" дар шаҳри Маскав барномаи ҳунариву фарҳангии "Хушҳолӣ муборак" бо ширкати овозхонони машҳури Бадахшон баргузор гардид.

Ҳамакнун дар саросари ҷаҳон камобеш 20 милюн кас пайрави маҳзаби шиъаи имомии исмоилӣ ҳаст, ки дар Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин Амрико, Канада, Бритониё ва Фаронса зиндагӣ ба сар мебаранд. Яке аз бузургтарин ҷамоътҳои исмоилиён дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сар мебарад.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст.

Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи донишкадаи торихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони III, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0