Исмоилиёни Тоҷикистон рӯзи “Мавлуд”-ро таҷлил мекунанд

© AP / Steven SenneПешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ. Акс аз бойгонӣ
Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Оқохони IV- Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ, 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст. Ин санаро исмоилиёни ҷаҳон чун рӯзи “Мавлуд” ҷашн мегиранд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Пайравони мазҳаби исмоилия имрӯз 80-умин солгарди Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-уми худро таҷлил менамоянд. Дар ҷашни "Мавлуд" одатан дар сатҳи маҳалу хонаводаҳо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-маърифатӣ сурат мепазиранд.

Суханронии Оқохони 4 зимни ифтитоҳи ДОМ дар шаҳри Нарини Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Оқохони IV: ДОМ-қувваест, ки метавонад зиндагии мардумро тағйир диҳад

Дирӯз дар толори консертии "Россия"-и шаҳри Маскав барномаи фароғатию маърифатӣ таҳти унвони "Хушҳолӣ муборак", бо иштироки кӯдакон, ҷавонон ва овозхонони машҳури  Бадахшон бахшида ба 80-умин солгарди Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ баргузор гардид.

Айни замон дар саросари олам тақрибан 20 миллион нафар аз ҷараёни Исмоилия пайравӣ мекунанд. Онҳоро дар Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Танзания, Кения, кишварҳои Халиҷи Форс, Эрон, Лубнон, Сурия, Алҷазоир, ҳамчунин ИМА, Канада, Бритониё ва Фаронса метавон вохӯрд.

Яке аз бузургтарин ҷамъияти исмоилиҳо дар олам (тақрибан 150 ҳазор нафар) дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ба сар мебарад. Оқохони чаҳорум, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейтсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст.

Аълоҳазрат Шоҳ Карим хатмкардаи факултаи таърихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, муассис, бунёнгузор ва сарвари "Шабакаи Рушди Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони саввум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар синни 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0