Раққосони тоҷик ҳунарашонро дар Сеул намоиш доданд

Обуна шудан
Ҳунармандони тоҷик дар Ҷашнвораи фарҳангӣ дар Сеул ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, аз 12 то 17 декабри соли 2017 дар шаҳри Сеули Куриё Ҷашнвораи фарҳанг ва санъати кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар ин Ҷашнвора намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат карданд.

Фарҳанги Тоҷикистонро дар ин ҷашнвоар гурӯҳи ҳунарпешаҳо, ки аз намояндагони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии "Лола" ба номи Ғ.Валаматзода, ансамбли давлатии "Шашмақом" ва ансамбли эстрадии "Гулшан" ташкил гардида буд, муаррифӣ намуданд.

Ҳайъати Тоҷикистон ба тамошобинони фестивал намунаҳои беҳтарини рақс ва оҳангу сурудҳои классикиву муосири тоҷикро пешниҳод намуданд.

Лентаи хабарҳо
0