Боздиди раисҷумҳур ва шаҳрдор аз Намоишгоҳи Душанбе-2017

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон на открытии школы 44 после генерального ремонта
Президент РТ Эмомали Рахмон на открытии школы 44 после генерального ремонта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе-2017 боздид карданд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоии раисҷумҳур, кишвардори Тоҷикистон ва раиси пойтахт дар ин намоишгоҳ бо намунаи дастовардҳои корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат ошно шуданд.

Тибқи иттилоъъи манбаъ, дар ин намоишгоҳи саноатӣ намояндагони беш аз 50 корхонаю ширкатҳои ватанӣ молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, мошинолоти гуногун, маҳсулоти хӯрокворӣ, чармӣ, масолеҳи сохтмонӣ, алюминий, маҳсулоти пластмасӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, намунаи ҳунари дастии занону духтарон ва дигар молу ашё ба намоиш гузошта шудааст.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали в детском парке - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ барои ҷароҳии беморон маблағ ҷудо кард

Эмомалӣ Раҳмон гуфта, ки маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Раисҷумҳур ба намояндагони корхонаҳои азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминий, маъданҳои кӯҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастур додааст ки ҳадафи Ҳукумати ҷумҳурӣ пеш аз ҳама саноатикунонии кишвар, яъне аз кишвари аграрӣ- саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

"Анҷоми ин кор имкон медиҳад, ки дар дохили мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон ба хориҷи кишвар содирот карда шавад", — гуфтааст раисҷумҳур.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дастур дода, ки соли оянда истеҳсоли семент ба се миллион тонна расонида шавад, зеро дар бозори дохилӣ ва кишварҳои минтақа талабот ба ин намуди масолеҳи сохтмонӣ бештар аст.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон рушди минбаъдаи соҳаи саноат барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва дар ин замина барои ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон самтҳои муҳими сиёсати хориҷиро муайян хоҳад кард

Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин 60 намуди матои атласу адрас ва дигар намунаи ҳунари дастии занону духтарон, ки имрӯз баъди хатми курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунаромӯзӣ корхонаву коргоҳҳои худро таъсис додаанд, муаррифӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли сару либоси ягонаи мактабӣ ва мутобиқ кардани он ба стандартҳои байналмилалӣ масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор намуданд.

Ҳамчунин раҳбари давлат ба намояндагони корхонаҳои саноати хӯрокворӣ дастур дода, ки вақти истеҳсоли маҳсулот пеш аз ҳама ба сифати он диққати асосӣ диҳанд ва манфиати шахсии худро аз солимии ҷомеа боло нагузоранд.

"Бо анҷоми ин амал онҳо метавонанд, дар бозори дохил ва хориҷи кишвар мизоҷони бештар пайдо намоянд. Зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳо ба ҳисоб меравад".

Лентаи хабарҳо
0