ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ин бора дар равобити умумии шаҳрдори Душанбе хабар дода шудааст.
"Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 700 000 (ҳафтсад ҳазор) сомонӣ дар соли 2017 ва дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷети соҳаи тандурустӣ 800 000 (ҳаштсад ҳазор) сомонӣ барои ташхис, табобат, ҷарроҳии беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии "Маҷмааи тандурустии Истиқлол" ҷудо намояд",-омадааст дар қарори шаҳрдор.
Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» пардохти маблағи ҷудошударо сари вақт таъмин намояд.
Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки аз дастовардҳояш дар 11 моҳи шаҳрдорӣ гузориш дод. Рустам Эмомалӣ дар нишасти 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи "натиҷаҳои рушди иҷтимоъиву иқтисодии Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018" суханронӣ кард.
Вай дар ин гузориш гуфт, ки бино бар додаҳои оморӣ, тавлиди нохолиси минтақаӣ (ТНМ) дар моҳҳои январ — сентябр 7 млрд 510 млн сомонӣ буда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 дарсад ва саҳми он дар тавлиди нохолиси дохилӣ 17,7 дарсадро ташкил додааст.
Аз дигар дастовардҳои иқтисоди шаҳр ин аст, ки 467 корхонаи санъатии шаҳр дар ҳамин моҳҳо ба арзиши 1 млрд 406 млн сомонӣ коло тавлид кардаанд, ки нисбат порсол 4,1 дарсад бештар аст.