Содиқҷон Ваҳҳобзода раиси додгоҳи шаҳри Истаравшан таъин гардид

© Sputnik / Стас ЭтвешФлаги Таджикистана, архивное фото
Флаги Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар толори шаҳрдории Истаравшан маросими муаррифии раиси Додгоҳи шаҳри Истаравшан баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, ҷамъомадро раиси шаҳр Баҳром Иноятзода ифтитоҳ карду намояндаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шавкат Лутфуллозода фармони раисҷумҳурро аз 12 декабри соли 2017, № 967 "Дар бораи таъйин ва озод намудани додситонҳо" қироат кардааст.

Тибқи фармони мазкур Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд озод шуда, раиси додгоҳи шаҳри Истаравшан таъйин гардид.

Тағйироти корӣ дар додгоҳҳои ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Давлатмо Додихудозода раиси додгоҳи ВМКБ таъйин шуд

Манбаъ афзуда, ки раиси шаҳр Баҳром Иноятзода ба Ваҳҳобзода Содиқҷон Абдулҳай дар иҷрои вазифаи наву пурмасъул комёбӣ таманно намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 декабр бо кадрҳое, ки дар мақомоти додгоҳӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот кард.

Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз авзои пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақа изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъйингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намудааст.

Лентаи хабарҳо
0