Музди миёнаи кор дар шаҳру навоҳии Суғд чанд аст?

© Sputnik / Стас ЭтвешДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ёздаҳ моҳи соли равон музди миёнаи кор 1004,76 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба порсол 244,95 сомонӣ бештар аст

ДУШАНБЕ, 18 дек— Sputnik. Дар ин бора аз равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар доданд.

"Нишондиҳандаи нисбатан баланди музди кор дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон 2018,05 сомонӣ, Панҷиканд — 1272,10 сомонӣ, Хуҷанд — 1222,50 сомонӣ, Айнӣ — 1085,47 сомонӣ, Истиқлол — 980,04 сомонӣ, Бӯстон — 933,16 сомонӣ, Истаравшан — 915,32 сомонӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — 895,62 сомонӣ ва Исфара — 855,14 сомонӣ ба ҳисоб гирифта шудааст", — омадааст дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ки омили аслии таъсиррасонанда ба сатҳи музди кор дар ин шаҳру ноҳияҳо рушди босуръати соҳаи саноат маҳсуб меёбад.

Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз баҳси замин то манзили зист: муроҷиат ба раиси вилоят зиёд шудааст

Пештар хабар дод ашуд, ки бошандагони Суғд дар соли 2017 аслан аз ба масъалаҳои баҳси замин, таъмин шудан бо манзили зист, расонидани кумаки молиявӣ, тандурустӣ ва маориф ба мақомоти вилояти Суғд муроҷиат кардаанд.

Бино бар ин гузориш, дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ба ҳукумати вилояти Суғд 3149 муроҷиати навишторӣ ва 1926 муроҷиати гуфторӣ, дар кулл 5075 муроҷиат ворид гардида, ки нисбат ба ҳамин давраи порсол 49 адад бештар аст.

Дар чорчӯби иҷрои дастуру супоришҳои раисҷумҳури Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва чаҳоршанбе шаҳрвандонро қабул карда, мушкилоташонро ҳаллу фасл мекунад.

Лентаи хабарҳо
0