ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ба масъалаи қабули шаҳрвандон ва баррасии дархосту муроҷиати онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуда, дар ин давра ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 3149 муроҷиати хаттӣ ва 1926 муроҷиати шифоҳӣ, ҷамъ 5075 муроҷиат ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 49 адад зиёд мебошад.
Дар и бора дар равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, хабар дода шудааст.
Гуфта мешавад, ки муроҷиати шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои баҳси замин, таъмин шудан бо манзили зист, расонидани кўмаки молиявӣ, тандурустӣ ва маориф вобаста буда, аз тарафи роҳбарияти вилоят барои ҳалли проблемаҳои шаҳрвандон ҳамаи имкониятҳо истифода бурда мешаванд.
Манбаъ афзуда, ки иҳати иҷрои дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҳафта рўзҳои шанбе ва чоршанбе аз ҷониби раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, масъалаҳои онҳо ҳаллу фасл мешаванд.
Пештар хабар дода шуд, ки шикояти мардуми Хуҷанд кам шудааст.
Соли равон ба унвонии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 4445 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст, ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 436 адад кам мебошад.