ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раиси Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, ки Атомуҳаммад Нур яке аз раҳбарони он аст, истеъфои ӯ аз симати волии Балхро маҳкум кард.
"Ҷамъияти исломии Афғонистон нашри хабари тасмими раёсати ҷумҳурии исломии Афғонистонро дар мавриди устд Атомуҳаммад Нур, волии Балх ва раиси иҷроии Ҷамъияти исломӣ, як иқдоми аҷулона, ғайримасъулона, мухолифи суботу амнияти Афғонистон ва носозгор бо усули мувофиқатномаи Ҳукумати ваҳдати миллӣ медонад ва шадидан маҳкум мекунад", — гуфта мешавад дар эъломияи Раббонӣ.
Ба гузориши Sputnik Афғонистон, дар ин эъломия ҳамчунин омадааст: "Ҷамъияти исломии Афғонистон пас аз бозгашти раиси Ҷамъият аз сафари расмӣ ва ҳузури бархе аз аъзои Шурои раҳбарии Ҷамъияти исломӣ, ки дар Кобул нестанд, ба зудӣ мавзеъашро ба сурати мушаххас дар ин маврид эълом медорад".
Пас аз интишори хабари раёсатҷумҳурии Афғонистон дар мавриди Атомуҳаммад Нур, Салоҳиддин раббонӣ сафари расмияш ба Юнонро ниматамом гузошта ва мулоқотҳояш бо раисҷумҳур, нахуствазир ва вазири умури хориҷии Юнонро лағв карда ва Кобул равон шудааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки волии Балх Атомуҳаммад Нур чанде пеш истефоъяшро ба раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ пешниҳод карда буд ва ӯ имрӯз субҳ онро пазируфтааст. Муҳаммад Довуд ба ҷои Атомуҳаммад Нур ба симати волии Балх мансуб шудааст.