Ҷои Атомуҳаммад Нурро Муҳаммад Довуд гирифт

© gumilev-center.afАтомухаммад Нур, архивное фото
Атомухаммад Нур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Афғонистон қарори истеъфои волии вилояти Балх Атомуҳаммад Нурро баровард

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар медиҳад.

Ба гузориши дафтари раисҷумҳури Афғонистон, волии балх Атомуҳаммад Нур арзаи истеъфои худро ба Ашраф Ғанӣ равон кардаву раисҷумҳур ҳам онро пазируфтааст.

Дар ин хабар омадааст, ки дар симати волии Балх акнун Муҳаммад Довуд ҷойгузини Нур шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои гузашта хабари барканории оқои Нур танишҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд ва ҳизби Ҷамъияти исломӣ, ки оқои Нур раисаш аст, ба ҳукумат ҳушдор дода буд, ки агар Атомуҳаммад Нур барканор шавад бо ҳукумат муқовимати сиёсӣ хоҳад кард.

То кунун Атомуҳаммад Нур дар ин маврид вокунише надоштааст.

Лентаи хабарҳо
0