ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ба гузориши вебгоҳи расмии Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, дуктур Ғуломалӣ Ҳаддод Одил, раиси ин ниҳод, паёме ба баргузоркунандагони ин намоишгоҳ ирсол кардааст.
Вай дар ин нома аз Донишгоҳи Теҳрон ва Анҷумани илмии эроншиносӣ барои баргузории маросиме ба ёди устод Худоӣ Шарифзода сипосгузорӣ кардааст.
"Номи Худоӣ Шарифзода дар муҳити пажӯҳишии адабиёти форсӣ, номе ошно ва муътабар аст. Устод Шарифзода профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илму фанни Тоҷикистон, узви Иттиҳодияи нависандагони ин кишвар ва уизви вобастаи Фарҳангистони улуми ҶТ ва дар як калом, донишманде соҳибназар ва соҳибмактаб буд", — гуфта мешавад дар ин нома.
Дуктур Ҳаддод Одил ҳамчунин осори шодравон устод Шарифзодаро "арзишманд ва мондгор" дониста, ёдоварӣ кардааст, ки "беш аз ним қарн талошҳои муассири вай дар низоми омӯзиши тахассусии адабиёт дар Тоҷикистон дархӯри арзёбӣ ва гиромидошт аст".
Устод Шарифзода даҳҳо унвон китобу ҳудуди сесад мақола таълиф кард, ки дар нашрияҳову донишномаҳои Тоҷикистон, Эрон, Русия ва дигар кишварҳо мунташир шудаанд.
Таҳияи барномаи омӯзишӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ яке аз меҳварҳои аслии фаъолияти донишгоҳии устод Шарифзода буд. Тадриси дарсномаи назмшиносӣ, маъонӣ ва баён, сабкшиносӣ, сарчашмашиносӣ, таҳлили матни адабӣ, равиши таълими адабиёт, номанигорӣ ва дигар фаннҳои адабӣ, ба ибтикору талошӣ вай дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сурат гирифт.
Профессор Худоӣ Шарифзода чеҳрае матраҳ ва мондгор дар сатҳи байналмилалӣ буда ва суханрониҳои илмии бисёре дар марокизи эроншиносӣ ва тоҷикшиносии Эрон, Русия, Бритониё, Чехистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дошта аст.
Китоби "Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ" аз ҷумлаи осори Худоӣ Шарифзода аст, ки ба мабоҳиси пажӯҳишӣ дар муҳтавиёти "Шоҳнома" ва заминаи пайдоиши он ихтисос ёфтааст. Ин китоб аз тозатарин осори вай аст, ки дар соли 2015 барандаи ҷоизаи "Саъдӣ" аз Ҷумҳурии Исломии Эрон низ шуд.
Раиси Фарҳангистони забону адаби форсӣ дуктур Ғуломалӣ Ҳаддод Одил барои руҳи шодравон устод Худоӣ Шарифзода раҳмату мағфират орзу карда ва умедвор шудааст, ки фаъолиятҳои назир ончи устод дар ҳаёт пурбори илмии худ ба анҷом расонд, дар муҳитҳои илмӣ ва пажӯҳишии Тоҷикистон тадовум ёбад.
Вай ҳамчунин хостори густариши ҳарчи бештари иртиботи фарҳангии Эрон бо марокизи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва ҳамкории самимонатари фарҳехтагону адибони ду кишвар шудааст.