Худоӣ Шарифзода - донишманди фарҳехтаи тоҷик дар гузашт

© Фото : Аз бойгонии Рамазон НазариевПрофессор, Худоӣ Шарифов
Профессор, Худоӣ Шарифов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз донишмандони барҷастаи тоҷик, адабиётшинос ва мунаққид, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Худоӣ Шарифзода аз ҷаҳон чашм пӯшид

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Профессор Худоӣ Шарифзода 29 октябр дар 81-умин сол аз умраш ҷаҳонро падруд гуфт. Чаҳор моҳ пеш аз ин вай 80-умин солгарди зодрӯзашро ҷашн гирифта буд.

Шодравон профессор Шарифзода яке аз бузургтарин пажӯҳишгарону устодони риштаи адабиётшиносӣ дар Тоҷикистон буд, ки дар Русияву Эрону Афғонистон ва дигар кишварҳо ҷустору пажӯҳишҳояшро чунон ки бояд арзёбӣ ва арҷгузорӣ мекунанд.

Рамазон Назариев, профессор, номзади илмҳои фалсафа - Sputnik Тоҷикистон
Профессор Назариев: Носири Хусрав барои посдошти ҳувияти миллӣ шадидан мубориза бурд

Вай солҳо раиси донишкадаи филологияи тоҷик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси бахши нақду адабиётшиносӣ дар Иттиҳодияи нависандагон буд. Имсол тобистон шодравон устодро ба узвияти вобастаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон низ пазируфта буданд.

Профессор Худоӣ Шарифзода беш аз 400 асар дар заминаи забону адабиёти форсии тоҷикӣ офарида, ки бархе таълифу тарҷума ва бархе тасҳеҳу гирдоварӣ дар шакли китобу мақола нигошта шудаанд.

Даргузашти устод Шарифзода ҷомеъаи илмиву адабии Тоҷикистонро дар сӯг нишонд. Бисёре аз донишмандону пажӯҳишгарону шоирону нависандагон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ даргузашти ӯро зоеъае ҷуброннопазир барои илми адабиётшиносии Тоҷикистон шумурда ва ҳамдардии худро ба хонаводаву хешону пайвандону ҳамкоронаш изҳор карданд.

Худованд биёмурзод ӯро ва шикебоӣ диҳод хонаводаву наздикону пайвандонашро.

Лентаи хабарҳо
0