Рустам Эмомалӣ: дар остонаи Соли нав дар Душанбе фурӯши маҳсулоти кишварзӣ ташкил шавад

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозори маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил кардани Соли нави мелодӣ ташкил карда мешавад

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Ҳукумати шаҳри Душанбе, дар пойтахт дар остонаи Соли нав бозори маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар ин бора  шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дастур додааст.

Манбаъ меафзояд, бозорҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз 20-ум то 30-уми декабр дар назди бозори "Меҳргон", кӯчаи Ҳусейнзода 36, майдончаи назди бозори "Ховарон", майдончаи назди бозори "Қарияи боло", майдончаи назди бозори "Ёвар", "Боғи фарҳангу фароғатии "Дӯстии халқҳо" ташкил карда мешавад.

Ин бозорҳоро бунгоҳҳои кишоварзии ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор, Нуробод, Файзобод, Лахш, шаҳри Ваҳдат ва "Тоҷикматлубот" бо маҳсулот таъмин мекунанд.

Манбаъ меафзояд, мақсад аз ташкили фурӯшгоҳ таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти тоза ва хушсифат дар остонаи Соли нав мебошад.

Лентаи хабарҳо
0