Гашту гузори мардуми Помир дар Бишкек

© © Sputnik / Бактияр БердибековҚирғизҳои Помир дар Бишкек
Қирғизҳои Помир дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мардуми Помир дар кӯчаҳои марказии шаҳри Бишкек, дар бозори Ош ва маркази савдои марказии пойтахти Қирғизистон гашту гузор карданд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. 12 нафар аз қирғизҳои Помир нахустин бор ба пойтахти ватани аслиаон омаданд.

Sputnik Қирғизистон ба такя ба раиси Ассотсиатсияи қирғизҳои Помир хабар медиҳад, ки онҳо бо даъвати ҷониби Қирғизистон рӯзи 15 декабр ба Бишкек омадаанд.

Қирғизҳои Помир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даҳ хонаводаи қирғиз аз Помир ба Қирғизистон мекӯчанд

Қирғизҳои Помир дар чорчӯби ин сафари худдар ҳамоише, ки ба 89-солагии нависандаи маъруфи Қирғизистон Чингиз Айтматов ширкат карданд.

Дирӯз меҳмонон аз дастовардҳои ҳамватанони худ ва ҷойҳои тамошобоби Бишкек боздиди кардаву ба вилояти Нарин баргаштанд. Қирғизҳои Помир дар ин сайёҳаташон нахустин бор арчаи солинавиро дар майдони Ала-Тоо, Бозори Ош диданд.

Шарофат апа изҳор дошт, ки шаҳри Бишкек ба ӯ хеле пианд уфтод.

"Мо дирӯз омадему аллакай аз ҷойҳои зиёдедидан кардем. Аз дидор бо мардуми маҳаллӣ бисёр шод шудем", —гуфт ӯ бо табассум.

Моҳи октябри соли равон аз Помири Хурд ва Бузург 33 қирғиз ба ватани таърихиашон омаданд. Миёни онҳо як зани обистан ҳам буд. Ғайр аз Жанбубу Маматзайим, ки охири моҳи октябр дар Бишкек писар таваллуд кард, дигарон дар Норин монданд. Номи писарбачаро ба хорити раисҷумҳури собиқи ин кишвар Алмосбек ном каданд. Раҳбари давлат ба хонаводаи Алмосбек хонае дар вилояти Норин ҳадя кард. Рӯзи 18 ноябр боз 11 қирғизи дигар аз Помир ба Норин омаданд. Вале онҳо на барои зиндагӣ, балки барои хабаргирии ҳаммеҳамонашон омадаанд.

Лентаи хабарҳо
0