ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.
"Соли равон ба унвонии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд 4445 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст, ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 436 адад кам мебошад", — омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра қабули шаҳрвандон дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва усули "Равзанаи ягона" ҷараён гирифтааст.
Ҳамин тавр аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 1196 нафар шаҳрвандон қабул шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 690 нафар кам мебошад.
Тибқи иттилоъ шаҳрвандон бештар бо масоили гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани замин барои сохтмон, бақайдгирии манзил ва биноҳои сохташуда, таъмир ва сохтмони манзил, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин, масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, фарзандхонӣ ва ғайра муроҷиат намудаанд.