ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳайъати Тоҷикистон дар ҷаласаи 28-уми Шурои банақшагирии минтақавии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) ширкат кард.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷаласа дар шаҳри Исломобод баргузор гардида, зимни он нақшаи барномаю лоиҳаҳо ва ҷадвали чорабиниҳои СҲИ барои соли 2018 тасдиқ гардиданд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ширкат варзид.
"Дар суханронии роҳбари ҳайъат самтҳои авлавиятноки ҳамкории кишвар бо СҲИ ва роҳҳои тақвияти ин ҳамкорӣ таъкид гардиданд. Зоҳидӣ дар мавриди чорабиниҳое, ки соли оянда дар Душанбе доир мегарданд, аз ҷумла Иҷлоси навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ сухан ронда, аз кишварҳои узви созмон ҷиҳати иштироки фаъол дар ин чорабиниҳо даъват ба амал овард",-гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар доираи ҷаласаи Шӯрои банақшагирии минтақавӣ мулоқоти Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Халил Иброҳим Акча доир гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои тадорукот ва баргузории иҷлоси 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ (моҳи апрели 2017, Душанбе) мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Ҷонибҳо инчунин дар мавриди роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар давраи Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.