Онсӯ нарав, инсӯ биё: Лукашенко дар иҷлосияи СПАД раисҷумҳуронро гаранг кард (НАВОР)

© © Sputnik / Виктор ТолочкоЛукашенко на саммите ОДКБ "заблудился" в собственном дворце
Лукашенко на саммите ОДКБ заблудился в собственном дворце - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Белорус Александр Лукашенко пас аз маросими аксгирӣ бо як ҳаракат сарони кишварҳои СПАД-ро саргардон кард

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар рафти иҷлосияи СПАД дар Минск пас аз маросими аксгирии сарони кишварҳо як руйдоди хандаоваре рух додааст, гузориш медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Навори ин рухдодро Дмитрий Смирнов, яке аз рӯзноманигорони Кремл, ки ин иҷлосияро ҳамроҳӣ мекард, мунташир кардааст.

Дар навор дида мешавад, Лукашенко Назарбоевро аз оринҷаш гирифта, ба тарафи чап роҳнамоӣ мекунад. Дар пайи ин ҳаракати раисҷумҳури Белорус, дигар роҳбарони давлатҳо низ ба ҳамон тараф рафтанӣ мешаванд. Аммо пас аз чанд лаҳза Лукашенко ба тарафи дигар мегардаду роҳбарони кишварҳо аз паси вай.

​Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ барои ширкат дар иҷлосияи СПАД бо чанде аз сиёсатмадорони кишвар рӯзи 30-уми ноябр ба Минск сафар карда буд. Дафтари матбуотии раисҷумҳур хабар дод, ки дар ин иҷлосия кишвардори Тоҷикистон суханронӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0