Бонувони вазифадори Тоҷикистон пӯшоки якхела мепӯшанд

Обуна шудан
Кормандони вазорат ва кумитаҳои Тоҷикистон пӯшоки якхела хоҳанд дошт

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Кормандони вазорат ва кумитаҳои Тоҷикистон пӯшоки якхелае, ки дар он рамз ё нишони ниҳоди онҳо барчасп шудааст, хоҳанд пӯшид. Дар ин бора Тоҷик.ТА хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, намунаи либоси ягонаи миллиро барои занон дар вазорати фарҳанг омода мекунанд.

"Дар тарҳи мо нақшаи омодасозии либосҳои яксон барои кумитаҳо ва вазоратҳо набуд, онҳо метавонанд худашон либосҳояшонро интихоб кунанд", — гуфтааст масъуле аз Вазорати фарҳанг.

Женщины Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тарғиби либоси миллӣ миёни пизишкони вилояти Хатлон

Манбаъ менависад, ки пӯшоки кормандони дастгоҳи раисҷумҳур ранги обӣ хоҳад дошт.

Кормандони кумитаи умури занон ва хонаводаҳо ва кумитаи мудирияти замин ва геодезӣ барои пӯшокҳо андозаҳои худро доранд.

Намунаи пӯшокҳои миллии занонаро Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи умури ҷавонони назди ҳукумати ҶТ омода кардаанд.

Либосҳои миллии занона барои ҳамаи фасли солу ҳама синну соли бонувон пешбинӣ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0