ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати тандурустӣ, ин корҳо миёни пизишкони гуногун шурӯъ аз донишҷӯён то марказҳои тиббӣ баргузор шудааст.
Бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба тарғиби либоси миллӣ ва дар ин замина ҳифз намудани фарҳанги аҷдодӣ, бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занони шаҳри Қӯрғонтеппа дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, колеҷи тиббии шаҳрӣ, маркази саломатии шаҳр (КАТС), Маркази тибби оилавӣ ва Беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Қӯрғонтеппа ҷамъомад баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи аслии баргузор намудани ҷамъомадҳо тарғиби либоси милллӣ миёни бонувон ва инчунин ҳифзу нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ аз омехташавӣ ба фарҳангу тамаддуни барои миллати мо бегона унвон мегардад.
Пештар хабар дода шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани сару либоси ягонаи тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ либоси ягонаи кормандони ин ниҳодро тасдиқ намудааст.
Дар асоси он сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, ректорон ва директорони муассисаҳои давлатии таълимии тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ вазифадор гардидаанд, ки кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд.