ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дар ин бора расонаҳои расмии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, ҷои аввалро бо касби 7,5 хол шоҳмотбози маъруфи вилоят, ҷоизадори мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ Олуча Ҷумъаев соҳиб шуд. Мақоми дуюмро Хусрав Ҷумъаев ва ҷои сеюмро Тоҳир Мақсудшоев ишғол намуданд.
Ба ғолибони мусобиқаи Ҷоми ширкати "Шарк Ко" ва мукофоти пулӣ тақдим гардид.
Мусобиқаи шоҳмотбозони беҳтарини Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои соҳиб шудан ба Ҷоми Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Шарқ Ко" дар меҳмонхонаи "Сирена"-и шаҳри Хоруғ гузаронида шуд.
Имсол дар мусобиқа 60 нафар шоҳмотбозон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Покистон, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ таҳсил мекунанд, ширкат карданд.
Гуфта мешавад, ки бо кумаки ширкати "Помирэнерҷӣ" беш аз 6 сол аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дарси шоҳмот роҳандозӣ шудааст, ки ин ба рушд ва такомули истеъдоди шоҳмотбозон кумаки беандоза мерасонад.