Раисҷумҳур вазифадоронро ҷарима мебандад

© Sputnik / Алексей ДружининПортфель с документами, архивное фото
Портфель с документами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурӯъ аз 1 январи соли 2018 раҳбарони мақомоти андозу молия ба далели аз уҳдаи иҷрои вазифаашон набаромадан ҷарима мешаванд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев нисбати раҳбарони хадамоти андозу ва молия таҳримҳои молӣ ҷорӣ кард. Дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Ҷарима барои иҷро накардани вазифа аз оғози соли нав 1 январи соли 2018 ҷорӣ мешавад. Ҳукумат дар муддати ин се ҳафтаи моҳи охири соли 2017 бояд ҷузъиёти ин равандро барномасозӣ кунанд.

Дар назар аст, ки барои насупоридани андози тасдиқшуда кормандони ин мақомот то 10 дарсади музди маошашонро ба давлат хоҳанд дод.

Гуфта мешавад, ки дар сурати сари вақт аз уҳдаи иҷрои вазифа набаромадан, вазифадорон то 30% аз музди меҳнат ва то 50 дарсад аз мукофотпулии худро ба давлат месупоранд.

Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур 4 вазирро сабукдӯш кард ва 10 тани дигарро танбеҳ дод

Пештар Мирзиёев қароре имзо кард, ки мувофиқи он масъулияти вазирон ва раҳбарони мақомоти гуногуни давлатӣ зиёд шуд.

Бештари мансабдорон ӯҳдадориҳои худро мувофиқи талаботҳои замон иҷро карда наметавонанд, гуфта буд Шавкат Мирзиёев.

"Одамон зиндагии хуб ва сазоворро мехоҳанд, на барои пагоҳ ва на барои оянда, балки барои имрӯз. Маҳз барои ҳамин мо бояд раванди ислоҳотҳоро тезонем, ва сифату самаранокии онро баланд бардорем",- гуфтааст раисҷумҳур.

Мирзиёев таъкид кардааст, ки бояд барои ҳалли мушкилии ҳар як минтақа, ҳар як хонавода ва ҳар як шаҳрванд кӯшиш кард.

Лентаи хабарҳо
0