Раисҷумҳур 4 вазирро сабукдӯш кард ва 10 тани дигарро танбеҳ дод

© Sputnik / / Владимир ФедоренкоПортфель, архивное фото
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири саноат, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, роҳбари Раёсати бунёди нафақа, вазири роҳи оҳан ва вазири кишоварзӣ аз симат барканор шуданд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов 4 вазири кишварро барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми иҷрои вазифат сабукдӯш кард.

Ҳамин тавр, вазири саноат Амонбердӣ Тӯйлиев, вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, роҳбари Раёсати бунёди нафақа Сайидмамад Акамамедов, вазири роҳи оҳан Дерягулӣ Башимов ва вазири кишоварзӣ Нурсаҳид Сапардурдиев аз симат барканор шуданд.

Амнистированные заключенные Вахдатской колонии - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур 700 зиндониро авф кард

Гуфта мешавад, раисҷумҳур  дар маҷлиси ҳукумат, ки он аз 11 моҳ фаъолияти ниҳодҳои кишвар натиҷагирӣ мекард қарори мазкурро ба тавсиб расонид.

Тавре хабар дода мешавад,  директори Хадамоти давлатӣ оид ба табаҳкориҳои иқтисодӣ Муҳаммадхон Чакиев дар рафти тафтишот дар якчанд вазоратҳои кишвар маълум гардид, ки роҳбарон аз мансаби давлатӣ сӯистифода карда, даст ба фасод заданд ва амволи давлатиро аз худ кардаанд.

Раисҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов пас аз натиҷагирӣ аз 11 моҳи фаъолияти мансабдорон ба даҳ тани онҳо танбеҳ ва ба як нафарашон огоҳӣ дод.

Ҳамчунин вазири энергетикаи Туркманистон Чоримират Пурчеков ва роҳбари Маҷмааи туркменбошии корхонаҳои коркарди нафт Давлатмират Башимов "барои ба таври бояду шояд иҷро накардани ӯҳдадориҳо ва роҳ додан ба камбудиҳо дар кор" танбеҳ гирфтанд.

Афзун бар ин, вазири савдо ва робитаҳои хориҷӣ Даврон Оразмуродов "барои дар муддати кӯтоҳ ислоҳ кардани камбудиҳои ҷойдошта" огоҳӣ гирифтааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Маҷлиси Турманистон супориш дод, барои ришвахори мансабдорон ҷавобгариро пурзӯр кунад.

Бердимуҳаммедов дар дар муроҷиат ба роҳбарон гуфт,  дар оянда бо коррупсия мубориза хоҳад бурд ва ваъдаеро, ки ба мардум додааст, иҷро хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0