ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Дар ин бора сухангӯи ҳукумати ин вилоят Нилуфар Асламшоева хабар медиҳад.
Ба гузориши манбаъ, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистон бо СММ изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз дастгириҳои сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар самти дастгирии маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ ва инфрасохтор ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки саҳми сафорати Ҷопон дар таъмини сокинони деҳоти дурдаст бо оби тозаи нӯшокӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ назаррас аст.
Раҳбари Бунёди СММ Лучиано Калестини ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хаджимэ Китаока аз шароити мусоиди фаъолият дар кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфтаанд, ки дар доираи имконоти мавҷуда минбаъд низ дастгириҳои соҳаҳои зикргардидаро идома хоҳанд дод.
Дар фарҷом ҷонибхо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои пурсамари худро дар доираи сиёсати дарҳои кушод ва қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон вусъат бахшида, онро барои вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халки кишвар равона хоҳанд намуд.