ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Сапар Исоқов дар бораи ба Узбакистон додани чаҳор осоишгоҳе, ки дар даврони ИҶШС аз ҷониби Узбакистон сохта шудааст, қарор имзо кард. Дар ин бора равобити умумии девони вазирони Қирғизистонхабар додааст.
Бархе аз осоишгоҳҳои Узбакистон аз ҷумла "Қуми тиллоӣ" дар Иссиқ-Кӯл аз ҳисоби маблағи Узбакистони шӯравӣ сохта шуда будааст. Дар ин макон ҳамчунин истироҳатгоҳҳои Қазоқистон низ ҷойгир буданд. Пас аз пошхӯрии ИҶШС Қирғизистон дар бораи миллӣ гардонидани осоишгоҳҳое, ки ба кишварҳои ҳамсоя тааллуқ дошт қарор қабул кард.
"Ин қарор бар асоси шартнома дар бораи дӯстии ҷовидонаи Ҷумҳурии Қирғизистон ва Узбакистон қабул шудааст. Дар баробари ин қитъаи замине, ки истироҳатгоҳҳо он ҷо бунёд шудаанд, моли Қирғизистон мемонаду танҳо барои муддате ба ихтиёри Узбакистон дода мешавад", — омадааст дар қарор.
Намояндагони Қирғизистон мегӯянд, ки "Узбакистон то ба меҳмонхонаҳои чор-ситорагӣ расонидани осоишгоҳҳо онҳоро саромягузорӣ хоҳад кард. Меҳмонхонаҳои "Бостери" ("Золотые пески"), "Алтин-Жай" ("Рохат-НБУ"), "Энесай" ("Дилором") ва "Бустон" ба Узбакистон дода мешаванд.
"Ин иқдом ба мақсади рушди соҳаи гардишгарӣ ва ҷалби сармоягузорию сайёҳон аз Узбакистон ва рушди муносиботи бародарона миёни ду кишвар пеш гирифта шудааст", — гуфтаанд намояндагони Қирғизистон.
Узбакистон дар ин росто вазифадор мешавад, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ на кам аз 80 дарсади коргаронро аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ ҷалб намояд.