ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ ба Узбакистон меравад.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.
Масъалаи сафари раисҷумҳур ба Узбакистон дар дидори Сооронбой Жээнбеков бо вазири хориҷа Эрлан Абдилдаев баррасӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин сафар рӯзҳои 13-14 декабр сурат мегирад.
Раисҷумҳури Қирғизистон дар ин росто ба вазири хориҷаи кишвар барои омодагӣ ба чорабиниҳои сиёсии дар пешистода супоришҳои мушаххас додааст.
Ин дуввумин сафари хориҷии Жээнбеков мебошад. Нахустин сафари хориҷии худро раисҷумҳури нави Қирғизистон дар Руси яанҷом дод.
Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон гуфт, ки одилона кор кунад.
"Ба раисҷумҳури тозаинтихоб ҳамаи хубиҳоро орзу дорам. Дӯстам, маро шарманда накун, ошкоро ва боадолатона кор кун", — гуфт Алмосбек Отамбоев.