ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Додгоҳи вилояти Вологда ҳашт муҳоҷир, аз ҷумла чанд шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ карданд, гузориш медиҳад Идораи Созмони федеролии зобитини додгоҳии Русия дар Вологда.
"Зобитини додгоҳ ҳашт муҳоҷири қонуншиканро аз қаламрави Русия ихроҷ карданд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Укроин дар қаламрави Русия ғайри қонунӣ будубош доштанд", — гуфтанд дар он Идора.
Додгоҳ далоиле пайдо накарда, ки қонуншикании ин муҳоҷиронро тавҷеҳ диҳад ва монеъ аз ихроҷ карданашон шавад. Аз ин рӯ, онҳоро муттаҳам ба будубоши қонуншиканона дар қаламрави Русия карда ва ҳукм ба ихроҷашон додааст.
Ба гуфти масъули равобити умумии он ниҳод, ин муҳоҷирон иҷозаи кору иқомат дар Русияро доштанд, аммо бо гузашти муддати муқаррар онро тамдид накардаанд ва ба кишварашон ҳам бар нагаштаанд.
Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Додгоҳи вилояти Маскав раҳбари "Федеросюни муҳоҷирони тоҷик" Каромат Шариповро аз қаламрави Русия ихроҷ кард.
Ин Додгоҳ шикояти Каромат Шариповро аз ҳукми ихроҷашро, ки 30-уми ноябр Додгоҳи ноҳияи Любертсӣ содир карда буд, бетағйир монд.