ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Роҳбари "Федеросюни муҳоҷирони тоҷик" Каромат Шариповро ба Тоҷикистон фиристодаанд. Дар ин бора як манбаи Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Бино бар иттилои манбаъ, рӯзи гузашта Додгоҳи вилоятии Маскав шикояти Каромат Шариповро дар бораи ҳукми ихроҷаш ба Тоҷикистон, ки 30-уми ноябр аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Любертсӣ содир шуда буд, баррасӣ намуда, онро батағйир монд.
"Ман фикр намекунам, ки худи Каромат Шарипов дар мурофиаи додгоҳи ширкат надошт. Зеро маъмулан аз боздоштгоҳ ба толори судӣ намебаранд",- мегӯяд вай.
Манбаъ афзуд, тибқи хабарҳое, ки дар даст дорад, шаби гузашта, тақрибан соатҳои се тариқи ҳавопаймои Маскав-Кӯлоб Каромат Шариповро ба Тоҷикистон фиристоданд.
Дар бора ҳамчунин гурӯҳи фейсбукии "Садои муҳоҷир" дар истинод ба котиби Каромат Шарипов Гулбаҳор Қодирова низ иттилдоъ дода буд.
Пештар Иззат Амон ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик қазияи боздошт ва истирдоди Каромат Шариповро ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дода буд. Вай қайд кард, ки, "ба гумони ағлаб пас аз ду се рӯз Каромат Шарипов дар Тоҷикистон мешавад".
Дуктур Абдулло Давлатов бар он назар аст, ки дар истирдоди роҳбари "Федеросюни муҳоҷирони тоҷик" кадоме аз гурӯҳҳои сиёсӣ даст доранд.