ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ин нишаст роҳу чораҳои густариши ҳамкориҳо миёни вазоратҳои умури хориҷии ду кишвар, тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ, молия, бонкдорӣ, амният, нақлиёт ва зерсохтор, кумаки башардӯстона, энержӣ, кишоварзӣ, омӯзиш, гардишгарӣ, фарҳанг ва дигар масоил баррасӣ шуданд.
Ҳайъатҳои тоҷикӣ ва аморатӣ ба раҳбарии Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумита, ва Муҳаммад Шараф Ал-Саид, муовини вазири умури хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии АМА, ҳамчунин масъалаи ташкили Бунёди муштараки сармоягузорӣ ва Шурои соҳибкории Тоҷикистону АМА-ро баррасӣ карданд.
Дар паи ин нишаст Суратҷаласаи севуми Кумисюни муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фаннӣ миёни ҶТ ва АМА ва Созишнома барои ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар фаъолияти гумрукӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва АМА имзо карда шуданд.
Файзиддин Қаҳҳорзода дар ҳошияи ин нишаст бо муовини роҳбари Бунёди рушду тавсеъаи Абузабӣ Халифа ал-Кубайсӣ дидор кард ва аз вай дархост кард, ки раванди таъйиди сармоягузории Бунёди рушду тавсеъаи Абузабӣ дар тарҳи сохтмони роҳи Кӯлоб — Қалъаи Хумб қитъаҳои "А" ва "F" шитоб дода шавад.
Ҳамзамон бо ширкати беш аз 30 соҳибкори тоҷик 40 соҳибкори аморотӣ, ҳамчунин намояндагони Утоқи бозаргониву саноеъи шаҳри Абузабӣ, Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор карда шуд.
Дар фарҷом изҳори итминон мешавад, ки дар натиҷаи муҳокимаҳои мутақобила ва мувофиқаҳои ҳосилшуда ҳамкориҳои байни соҳибкорони ду кишвар густариш ёфта, ширкатҳои бузурги Амороти Муттаҳидаи Араб ҳаҷми сармоягузориҳоро ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон зиёд хоҳанд кард.