Тоҷикистон ва Аморот барои ҳамкории нерӯҳои интизомӣ тавофуқ карданд

© МВД РТВстреча с Послом Объединенных Арабских Эмиратов Мухаммадом Ахмадом Аль-Джобиром
Встреча с Послом Объединенных Арабских Эмиратов Мухаммадом Ахмадом Аль-Джобиром - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилии Тоҷикистон бо сафири Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Вазири умури дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода ва сафири нави Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Муҳаммад Аҳмад Султон Исо Ал-Ҷобир имрӯз дар Душанбе дидор карданд, хабар медиҳад равобити умумии ВУД ҶТ.

Вазиру сафир дар ин дидор раванду дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи мубориза бо ҷинояткорӣ, теруризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва истирдоди табаҳкоронро баҳсу баррасӣ карданд.

Консультации консульских служб МИД Таджикистана и ОАЭ - Sputnik Тоҷикистон
Аморотиҳо раводиди Тоҷикистонро осон дарёфт хоҳанд кард

Раҳимзода дар ин мулоқот ёдоварӣ карда, ки Тоҷикистон ва Аморот барои рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба чанд созишнома имзо кардаанд, ки заминаи қонунии ин равобитро фароҳам овардаанд.

Сафир Ал-Ҷобир низ бар зарурати густариши додугирифти иттилоъот дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ ва пайгарди табаҳкорон таъкид кардааст.

Сафиру вазир ҳамчунин таъкид карданд, ки мақомоти ҳар ду кишвар бояд дар заминаи таъмини амният бо Интерпол ва Идораи кулли мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохилаи Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориҳои бештар дошта бошанд.

Дар хотима ҷонибҳо ҷиҳати густариш додани самтҳои гуногунҷанбаи ҳамкориҳо омодагии ҳамаҷонибаи худро изҳор доштанд.

Лентаи хабарҳо
0