Дар Тоҷикистон тавлиду содироти семент афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Валерий Титиевский / Гузариш ба медиабонкПроизводство цемента. Архивное фото
Производство цемента. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар соли 2017 барои нахустин бор беш аз 2,5 милюн тон семент тавлид кардааст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ба гузориши Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат, тавлиди семент дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, наздик ба 724 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ аз дастовардҳояш дар 11 моҳи шаҳрдорӣ гузориш дод

Афзоиши тавлиди семент дар Тоҷикистон заминаи содироти 841 ҳазор тон сементро ба кишварҳои ҳамсоя — Узбакистон, Афғонистон ва Қирғизистон фароҳам кард.

Аз ин миён Афғонистон бо хариди 750 ҳазор тон семент муҳиммтарин бозори хориҷии сементи Тоҷикистон шудааст. Тоҷикистон порсол ба ин 3 кишвар 300 ҳазор тон семент содир карда буд.

Ҳамакнун дар Тоҷикистон 12 корхонаи тавлиди семент фаъолият мекунад, ки дар 15 соли ахир бо сармоягузорӣ ва кумаки фаннии Чин сохта шудаанд.

Ин корхонаҳо, бар асоси омори Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат, метавонанд камобеш 4 милюн тон семент дар сол тавлид кунанд. 

Лентаи хабарҳо
0