Рустам Эмомалӣ аз дастовардҳояш дар 11 моҳи шаҳрдорӣ гузориш дод

© Фото : Сайт мэрии города ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоъии пойтахти Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ гузориш дод

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik.  Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар бораи вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоъии пойтахти Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ гузориш дод.

Рахмон и Рустам Эмомали дали старт строительство туристических здание - Sputnik Тоҷикистон
Иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ барои ҷалби гардишгарон ба Тоҷикистон

Ба иттилоъи равобити умумии шаҳрдории Душанбе, ин гузориш дар нишасти 13-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст.

Рустам Эмомалӣ дар ин ҷаласа дар бораи "натиҷаҳои рушди иҷтимоъиву иқтисодии Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018" суханронӣ кард.

Вай дар ин гузориш гуфт, ки бино бар додаҳои оморӣ, тавлиди нохолиси минтақаӣ (ТНМ) дар моҳҳои январ — сентябр 7 млрд 510 млн сомонӣ буда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 дарсад ва саҳми он дар тавлиди нохолиси дохилӣ 17,7 дарсадро ташкил додааст.

Аз дигар дастовардҳои иқтисоди шаҳр ин аст, ки 467 корхонаи санъатии шаҳр дар ҳамин моҳҳо ба арзиши 1 млрд 406 млн сомонӣ коло тавлид кардаанд, ки нисбат порсол 4,1 дарсад бештар аст.

Иҷлосия будҷаи шаҳри Душанбе барои соли 2018 ва иҷрои будҷаи шаҳрро дар соли 2016, "Барномаи рушди иҷтимоъиву иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025"  ва "Дурнамои рушди савдо ва хидматрасониҳои маишӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017-2025"-ро  пас аз баррасии ҳамаҷониба тасдиқ кард.

Лентаи хабарҳо
0