Дар Суғд аз вуруди абзори хатарноки оташбозӣ пешгирӣ шуд

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкПродажа пиротехники, архивное фото
Продажа пиротехники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони гумрук дар вилояти Суғд як маҳмула аз абзорҳои оташбозиро, ки корбурдашон дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст, боздошт карданд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ба гузориши Хадамоти гумрукии ҶТ, чанде пеш дар посгоҳи БДА дар роҳи Конибодом — Хуҷанд худрави "БМВ-520" боз истонда шуд, ки ронандааш Ю.Н. ном шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Ҳангоми бозрасии гумрукӣ дар бордони ин худрав 7 баста ошкор шуд, ки дар онҳо 3578 адад абзори оташбозӣ аз навъи "Трения", "Красная нечист", "Чёрная смерт", "Сай Ван Лэй", "Маленкая пчёлка", "Соловей разбойник", "Золотой песок" ва "Двое драгуна" бастабандӣ шуда буданд.

Продажа пиротехники в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯ ба иттиҳоми фурӯши абзори оташбозӣ дастгир шуд

Шаҳрванд Ю.Н. ин абзорҳои оташбозии сохти Қирғизистонро аз деҳаи Арқа харида ва қасд дошта қонуншиканона аз Қирғизистон ба қаламрави Тоҷикистон ворид кунад.

Коршиносони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар паи баррасии ин абзори оташбозӣ натиҷа гирифтаанд, ки онҳо хатарнок ҳастанд ва вурудашон ба Тоҷикистон мамнуъ аст.

Барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз шуда ва барои баррасӣ ба додистонии вилояти Суғд вогузор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0