ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе як донишҷӯи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ва як навраси 15-сола ба иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии абзори оташбозӣ дастгир шудаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, ин донишҷӯ ва шарики наврасаш аз ҷониби кормандони милиса дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ дастгир шудаанд.
"Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо 1040 адад абзори оташбозии намуди "хлопушка" ёфт ва мусодира карда шуд", — омадааст дар хабари манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Пештар хабар дода шуд, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шимоли кишвар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба иттиҳоми авбошӣ ва дуздӣ боздошт кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда ҷавони 25-сола, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон будааст.
Вай 17-уми ноябри соли 2017 дар ҳолати мастӣ ба хонаи зани 34-солаи сокини Хуҷанд даромада, ӯро лату кӯб кардааст. Сипас аз ҷайби кастюмаш 100-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии "Самсунг Ҷ-5" ба арзиши 1400 сомониро дуздида гурехтааст.