ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Як корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъияти вобаста ба Фарҳангистони улуми ин кишвар, ки рӯзи панҷум декабри соли ҷорӣ дар ҷараёни баргузории ҳамоиши "Баррасии осори Мирзо Абдулқодири Бедил", ба шатранҷбозӣ бо телефони ҳамроҳи худ, дар сафҳаи "Фейсбук"-аш ҳам ба шахсияти ин шоири бузурги адабиёти форсӣ, дар қарни 17 милодӣ дар шибҳи қораи Ҳинд тавҳин карда буд, ба маҳалли кор худ бар нагашт.
Ба гузориши сойти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ин ниҳоди илмӣ эълом кард, таъсири манфие, ки Фозил Фатҳуллоев бо ин мавзеъгириаш дар зеҳни насли ҷавони тоҷик гузошта, ғайри қобили ҷуброн аст.
Ин корманди Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар сафҳаи "Фейсбук"- аш навишта буд, ки аз Бедил безор аст ва ифтихор мекунад, ки дар ин ҳамоиш вақти худро ба шатранҷбозӣ гузарондааст.
Вай афроди алоқаманд ба ашъори Бедилро мутаассиб хонда ва гуфтааст, ин навъи тафаккур нишонаи ақибмондагӣ аст.
Вай иддао кардааст, ки осори Бедил ба дарди насли ҷавон намехӯрад ва қарни 21 замони фанновариҳои ҷадид аст, на шеър. Ӯ муддаӣ шудааст, ки ҷавононро ба иҷбор ба ин нишасти илмӣ овардаанд.
Фозил Фатҳуллоев дар ҷараёни баҳс бо корбарони шабакаи "Фейсбук", аз алфози ракик ва тавҳин низ истифода карда, ки ин кор бо маҳкумияти равшанфикрони тоҷик рӯ ба рӯ шудааст.
Наимҷон Насимов, як фаъоли ҷавони тоҷикистонӣ бо ирсоли номае ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, раиси Фарҳангистони улум ва раиси Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва ҷамъият ба мавзеъгирии Фозил Фатҳуллоев дар қиболи Бедил эътироз карда ва посухгӯии онон ба ин рафтори тавҳиномезро хостор шудааст.
Албатта пас аз ин вокунишҳо, вай бо ибрози таассуф аз рафтори худ, узрхоҳӣ кард, аммо ба назар мерасад масъулони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аз ин корманд хостаанд, ки истеъфо диҳад.