Ректори донишгоҳи Ҳиндустон: мо бо Бедил ифтихор дорем

© Sputnik / Сергей Мамонтов / Гузариш ба медиабонкДворец Тадж-Махал в городе Агра.
Дворец Тадж-Махал в городе Агра. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Анҷумани равобити фарҳангии Ҳинд (ISSR) дар донишгоҳи Панҷоб дар шаҳри Чандигарҳи Ҳиндустон ҳамоиши байнулмилалии "Мирзо Бедил ва мероси Ӯ" баргузор кард

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии мақомоти вилояти Суғд дар кори ин ҳамоиш бедилпажӯҳон аз кишварҳои мухталифи дунё, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон, Афғонистону Эрон ва Ҳиндустон ширкат карданд.

Ба иттилоъи манбаъ, Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  доктори илмҳои фалсафа, профессор Насиба Содиқова ва сардори раёсати илм ва навовариҳои ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод намояндагӣ карданд.

Индийские украшения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Аз ҷавоҳирот то атриёт: Дар Хуҷанд намоишгоҳи колоҳои Ҳиндустон баргузор мешавад

Бино ба иттилои Нуралӣ Нурзод дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон М.Ҷ. Акбар, муовини раиси  Анҷумани равобити фарҳангии Ҳинд Намрата Кумар, ректори Донишгоҳи Панҷоб профессор Арун Кумар суханронӣ намуда, Бедилро боиси ифтихори  на танҳо форсизабонон, балки мардуми Ҳинд унвон намуданд.

Дар доираи баргузории ин ҳамоиши байналмилалӣ як барномаи консертӣ бар асоси ашъори Бедил таҳти унвони "Тарзи Бедил" ва ҳамзамон намоишнома бар пояи рӯзгор ва осори ӯ бо номи "Достони Бедил" бо забонҳои тоҷикӣ ва урду таҳия ва ба намоиш гузошта шуд.

Лентаи хабарҳо
0