Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар додгоҳҳо ва РКД дар ВМКБ, Хатлон ва Суғд

© Пресс-служба президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон в Сочи
Президент РТ Эмомали Рахмон в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти додгоҳӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон раисони додгоҳи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бархе аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва бархе аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъйин гардида, сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар сохтору воҳидҳои мақомоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии вазорат иваз карда шуданд.

Оид ба интихоб ва бозхонди додрасҳои Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи Олии иқтисодӣ пешниҳоди раисҷумҳури Точикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Эмомалӣ Раҳмон барои ба вазифаи муовини Раиси Додгоҳи Олӣ интихоб гардидани Исҳоқӣ Амирхон, Додраси Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Шароф Аланазарзода, Абдуқаҳҳор Тағозода, Ҷамшед Аҳмадзода, Илҳом Комилзода, ҳамчунин ба вазифаи муовини Раиси Додгоҳи Олии иқтисодӣ интихоб гардидани Файзалӣ Комилӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол кард.

Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хисрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод гардида, Суҳроб Рауфов ба ин вазифа таъйин гардид.

Ҳамчунин дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, сардорони раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҳамадонӣ, Хуросон, Ёвони вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Истиқлол, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Нуробод, Файзобод ва сардорони як қатор раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷриба ва содиқу поквиҷдон таъин гардиданд.

Зимни суҳбат  Эмомалӣ Раҳмон аз авзои пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақа изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъйингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намудааст.

Лентаи хабарҳо
0