ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов ва фармондеҳии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон театри драммавии ба номи Владимир Маяковскийро бо ҷашнашон табрик карданд.
Дар ин бора равобити умумии пойгоҳи 201-ум хабар медиҳад.
"Рӯзи 9 декабр дар саҳнаи бузурги ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 80-солагии театр ҷашн гирифта мешавад", — омадааст дар хабарнома.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов мудири театри ба номи Маяковский Мунира Додоеваро бо ҷашни 80-солагӣ муборакбод гуфту ба ӯ ифтихорномаи сафоратро тақдим кард.
Ҳамчунин ёвари фармондеҳ оид ба муносибатҳои байнулмиллалии пойгоҳи 201-ум Александров аз номи фармондеҳӣ мудири Додоеваро бо ҷашнашон муборакбод намуду ба ӯ санги ороишӣ бо рамзи пойгоҳи 201-м тақдим карда ба ӯ бурдборӣ орзу кард.
Ба муносибати ҷашн гурӯҳи ҳунармандон поппурии намоишномаи машҳури театрро намоиш доданд.