Театри Маяковский фаъолияти худро давом медиҳад: ду намоиши нав дар театр

Обуна шудан
Ҳунарпешагони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ду намоиши навро манзури тамошобинон мегардонанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ.
ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik.Ҳунарпешагони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ду намоиши навро манзури тамошобинон мегардонанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ.

Тибқи иттилои манбаъ, намоиши аввал бо унвони «Шабе дар театр» шоми имрӯз, соати 17:30 дар толори хурди Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Намоиши аввал аз песаи нависандаи машҳури рус А.П.Чехов гирифта шуда, бо коргардонии ҳунарпешаи шинохта Хуршед Мустафоев рӯи саҳна омадааст. «Шабе дар театр» намоиши мазҳакавӣ аст ва се ҳикоя: «Хирс», «Таклиф» ва «Суруди парвози баланд» —ро дар бар мегирад. 

Намоиши дуюм низ мазҳака аст ва «Боре дар уезд» унвон дорад. Ин намоиш низ аз рӯи осори А.П.Чехов бо коргардонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков таҳия гардидааст. Он аз ду ҳикояи муаллиф «Ҷарроҳӣ» ва «Бадсигол» иборат аст.

Баргузории нахустнамоиши «Боре дар уезд» пагоҳ 18-уми феврали соли 2017 соати 15:00 дар толори хурди Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0