ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон гуфт, ки боадолатона кор кунад. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон хабар медиҳад.
"Ба раисҷумҳури тозаинтихоб ҳамаи хубиҳоро орзу дорам. Дӯстам, маро шарманда накун, ошкоро ва боадолатона кор кун", — гуфтааст дар ниҳояти нишасти Шӯроии миллӣ оид ба рушди устувор Алмосбек Отамбоев.
Ин нишаст охирин ҷаласае таҳти роҳбарии Алмосбек буд.
Отамбоев қайд кард, ки айни замон дар парлумон шахсиятҳои "популист" кам шудааст ва изҳори умедворӣ кард, ки Жогорку Кенеш фаъолияти хубе хоҳад дошт.
Шӯрои миллӣ оид ба рушди устувор Стратегияи рушди миллиро барои солҳои 2018-2040 қабул кард. Раисҷумҳур пешниҳод кард, ки ин тарҳро чун асос қабул кунанд ва дар давоми се моҳ онро пурра коркард намоянд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар нишасти Шӯрои миллии Қирғизистон ду раисҷумҳур ширкат кард.
Раҳбари нави интихобшудаи Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков Стратегияи миллии рушди устувор барои солҳои 2018-2040-ро дастгирӣ кард.
"Иштирокчиёни муҳтарам, имрӯз масъалаи муҳим дар бораи стратегияи миллӣ то соли 2040 баррасӣ мешавад. Суханони Алмосбек Шаршеновичро дар бораи қабули ҳуҷҷати муҳим дар бораи рушди дарозмуддати кишвар, пурра дастгирӣ мекунам", — гуфт Жээнбеков дар ҷаласаи Шӯрои миллӣ оид ба рушди устувор.
Жээнбеков бар ин аст, ки барномаи стратегияи нав, рушди босуботро таъмин мекунад.
"Вазифаи ман-таҳкими дастовардҳо ва рушди инноватсионӣ мебошад", — гуфт Жээнбеков.