Ҳукумати ҶТ барои бимаи иҷтимоъӣ ва нафақа 2,7 млрд сомонӣ ҷудо кардааст

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМинистерство финансов РТ. Архивное фото
Министерство финансов РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар будҷаи соли 2018 барои пардохти бимаи иҷтимоъӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ ё нафақа 2 милёрду 730 милюну 823 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ба гузориши вебгоҳи Вазорати молияи Тоҷикистон, будҷаи бимаи иҷтимоъӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ барои соли 2018 аз ҳисоби пардохти молиёти шаҳрвандон ва кумакҳои молии бебозгашти хориҷӣ таъмин хоҳад шуд.

Дар пешнависи будҷаи соли 2018 ҳамчунин таъкид шудааст, ки танҳо дар мавориде, ки бимаҳои иҷтимоъӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ ниёзи воқеъиро пӯшиш надиҳад, кумакҳазинаҳо аз будҷаи давлат ба ин бахш дода хоҳанд шуд.

Пештар дар Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки ҳуқуқи бознишастагон ё нафақа бо ҳаддақалли музди кор баробар карда шавад. Ҳамакнун ҳаддиақали ҳуқуқи бознишастагӣ дар Тоҷикистон 270 сомонӣ ва ҳаддаксараш 748 сомонӣ аст.

Андозаи ҳуқуқи бознишастагии шаҳрвандон ба тули муддати хидмати онҳо вобаста аст. Теъдоди кулли бознишастагон дар Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 640 ҳазор кас буд.

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлис Қонуни будҷаи давлатии ҶТ барои соли 2018-ро тасвиб кард

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш Маҷлиси намояндагон Қонуни будҷаи давлатии ҶТ барои соли 2018 ва дурнамои нишондиҳандаҳои будҷаи давлатӣ барои солҳои 2019 — 2020-ро тасвиб карда буд.

Дар таҳияи будҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ҳаҷми Тавлиди нохолиси дохилӣ (ТНД) аз рӯи афзоиши воқеъӣ ба андозаи 7,0 дарсад ба маблағи 66,8 милёрд сомонӣ, шохиси зимнии ТНД — 3,0 дарсад, меъёри таваррум — 7,0 дарсард ва нархи миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 дулори амрикоӣ 9,0 сомонӣ дар асоси дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии даромади будҷаи давлатӣ дар соли 2018 ба маблағи 21 милёрду 3 милюн сомонӣ ё 31,4 дарсад аз ТНД пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2017 ба андозаи 7,3 дарсад ё 1 милёрду 434,5 милюн сомонӣ бештар аст.

Даромадҳои ҷории будҷаи давлатӣ, бе дар назар доштани грантҳо, ба маблағи 15 милёрду 767 милюн сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки нисбат ба нақшаи соли 2017  як милёрду 430 милюн сомонӣ ё 10,0 дарсад бештар аст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти будҷаи давлатӣ барои соли 2018 аз ҳисоби ҳама манобеъи сармоягузорӣ ба маблағи 21 милёрду 337 милюн сомонӣ дар нақша гирифта шуда, ки ин нисбат ба ТНД 31,9 дарсадро ташкил дода, нисбати буҷети соли 2017 ба маблағи 1 милёрду 474 милюн сомонӣ бештар аст.

Дар тарҳи будҷаи давлатӣ ба сармоягузории бахшҳои иҷтимоъӣ таваҷҷуҳи вижа шудааст, яъне ҳаҷми умумии ҳазинаҳо барои бахши иҷтимоъӣ дар соли 2018  ба 9 милёрду 420 милюн сомонӣ дар назар гирифта шуда, ки нисбат ба будҷаи соли 2017 ба маблағи 327,3  милюн сомонӣ ё ба 44,2 дарсад аз ҳаҷми умумии хароҷоти будҷаи давлатӣ ва

Будҷаи бимаи иҷтимоъӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ (нафақа) барои соли 2018 аз рӯи даромад ба маблағи 2 730 823 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби молиёти иҷтимоъӣ ба маблағи 2 665 823 ҳазор сомонӣ ва кумакҳои билоиваз (субвенсия) аз ҳисоби будҷаи кишварӣ ба маблағи 65 000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2 730 823 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар соли 2018 ҳаҷми будҷаҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад, бо назардошти субвенсияҳое, ки аз будҷаи кишварӣ ҷудо карда мешаванд, ба маблағи 5 782 934 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 5 793 086  ҳазор сомонӣ ва касри будҷа ба маблағи 10 152 ҳазор сомонӣ муайян карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0