Бонки миллии Тоҷикистон се созмони бонкдории хурдро баст

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти созмонҳои хурди вомдиҳандаи "Зироат-04", "Ганҷ-2006" ва "Диси инвест"-ро боз истонд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии БМТ, Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ин созмонҳоро бар асоси Қонуни созмонҳои хурди эътиборӣ ва Қонуни инҳилоли созмонҳои қарзӣ аз фаъолият боз медоронад.

"Иҷозатномаҳои ҶСП ТҚХ «Зироат-04 », ҶДММ ТҚХ "Ганҷ-2006" ва ҶДММ ТАҚХ "Диси инвест", ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд карда шуданд", — гуфтанд дар равобити умумии БМТ.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии ҶТ ду созмони вомдиҳандаро аз фаъолият боз доронд

Ҷанбаҳои дигари фаъолияти созмонҳои ёдшуда бар асоси қарорҳои БМТ аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.

Чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон ду созмони хурдасармоягузориро аз вом додан ба шаҳрвандон боз доронда буд.

БМТ бар асоси қарорҳои №№143 ва 144 аз 30 октябри соли 2017 иҷозаномаҳои ширкатҳои хурдасармоягузории "Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ" ва "Фермер"-ро бозхонд карда буд.

Лентаи хабарҳо
0