Раҳмон дар Аммон: Тоҷикистон ва Урдун 11 санади ҳамкорӣ имзо карданд

© Flickr \ Пресс-служба Президента РТПрезидент РТ Эмомали Рахмон и премьер-министр Иордании Хани Фавзи ал-Мулки
Президент РТ Эмомали Рахмон и премьер-министр Иордании Хани Фавзи ал-Мулки - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯби сафари расмӣ ба Подшоҳии Ҳошимии Урдун бо нахуствазири ин кишвар Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ дидор кард

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Урдун барои густаришу жарфиши ҳамкориҳо имконоти фаровон доранд.

"Мо омодаем, бо дар назар гирифтани манфиатҳои миллии ду кишвари дӯст, тамоми воситаҳоро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳоямон истифода барем", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раҳбари Тоҷикистон ва нахуствазири Урдун аз имзо шудани санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, маорифу фарҳанг, кишоварзӣ ва варзишу гардишгарӣ хушнудӣ карданд.

Президент РТ Эмомали Рахмон и король Абдуллах ибн Хусейн, король Иордании - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ ибни Ҳусейн равобити Тоҷикистону Урдунро густариш медиҳанд

Дар ин дидор таъкид шуд, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои имрӯза дар роҳи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Урдун бояд сохторҳо ва ниҳодҳои давлатии ду ҷониб робитаи таноготангу пурсамарро ба роҳ монанд.

Раҳмон ва ал-Мулкӣ ҳамчунин масоили рушди ҳамкорӣ дар чорчуби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ барои таъмини амнияту субот дар кишварҳои ҷангзада ва мусоидат ба пешрафти давлатҳои минтақаро баррасӣ карданд.

Пас аз ин мулоқот дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулкӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд, аз он ҷумла, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Ҳошимии Урдун барои бардоштани раводид барои дорандагони гузарномаҳои дипломатӣ; Ёддошти тафоҳум барои машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни Вазорати умури хориҷии ҶТ ва Вазорати умури хориҷӣ ва муҳоҷирати Урдун; Созишнома миёни Ҳукумати ҶТ ва Урдун барои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ ва фаннӣ; Созишнома миёни Вазорати кишоварзии ҶТ ва Вазорати кишоварзии Урдун барои ҳамкорӣ дар заминаи кишоварзӣ; Созишнома миёни Ҳукумати ҶТ ва Урдун дар заминаи фарҳанг ва ҳунар; Созишнома миёни Ҳукумати ҶТ ва Урдун барои ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ; Созишнома барои ҳамкорӣ миёни Утоқи бозаргонӣ ва саноеъи ҶТ ва Утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Урдун; Созишнома миёни Утоқи бозаргонӣ ва саноеъи ҶТ ва Утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Урдун барои бунёди Шурои соҳибкорони Тоҷикистон ва Урдун.

Лентаи хабарҳо
0