ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ ибни Ҳусейн 10 декабр дар дидори расмӣ вазъ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистону Урдун дар бахшҳои иқтисоду бозаргонӣ, илму маориф, гардишгариву кишоварзӣ ва фарҳангу варзишро баррасӣ карданд.
Сарони ду кишвар бар зарурати роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук, истихроҷи маъданҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва нерӯи барқ бо баҳрагирӣ аз захираҳои модии Тоҷикистон, аз қабили об, сангҳову филиззҳои гаронбаҳо ва рангаву сиёҳ ва дигар кониҳо таъкид кардаанд.
Раҳбарони ду кишвар қарор доданд Кумисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва фанниву илмӣ таъсис диҳанд. Тарафҳо ҳамчунин хостори роҳандозии ҳамкорӣ миёни соҳибкорону бозаргонони ду кишвар шуданд.
Тоҷикистон аз Урдун даъват кард аз имконоти гардишгариву кишоварзӣ ва илмиву донишгоҳии кишвар дар омодасозии коршиносони пизишкиву дармон, муҳандисӣ, улуми дақиқ ва кишоварзӣ истифода барад.
Ҳар ду кишвар омодагии худро барои баҳрагирӣ аз таҷрибаи якдигар дар бахшҳои илму фанноварӣ, пизишкиву дорусозӣ, парвариши меваву тарабор, зироатҳои фаннӣ, тавлиди асал, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва корбурди самараноки оби тозаи ошомиданӣ изҳор карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ ибни Ҳусейн ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар чорчуби созмону ниҳодҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид ва Созмони ҳамкориҳои исломиро баррасӣ карданд. Дар ин замина чорандешӣ ва роҳҷӯӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо ҳаросафканиву ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва истиқрори сулҳу субот дар кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Афғонистон зарур шумурда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Абдуллоҳ ибни Ҳусейн даъват кард бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кунад. Подшоҳи Урдун ин даъватро бо хушнудӣ пазируфт. Ҳамчунин сарони ду кишвар Эъломияи муштарак дар бораи таҳкими ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдунро имзо карданд.
Дар паи ин мулоқоту музокирот дар ҳузури сарони ду кишвар санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун барои ҷалб ва пуштибонии мутақобила аз сармоягузориҳо, Созишномаи пешгирӣ аз молиётситонии дучандон ва сарпечӣ аз пардохти молиёт бар даромаду сармоя миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Урдун ва Созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи омӯзиши олӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Урдун имзо шуданд.