Дар соли 2017 сиёсатмадорони ҷаҳонӣ: намояндаи доимии Русия дар СММ, Виталий Чуркин, раисҷумҳури пешини Олмон Гелмут Кол даргузаштанд.
Фарҳанги ҷаҳонӣ чанде аз ситораҳои машҳури худро аз даст дод: операварои машҳури ҷаҳонӣ Дмитрий Хворостовский, овозхони пешини гурӯҳи "Иванушки International" Олег Яковлев, овозхони гурӯҳи Linkin Park Честер Беннингтон-и 41-сола, ҳунарманд Дмитрий Марьянов, ҳунарманди мардумии ИҶШС Алексей Баталов, Владимир Толоконников, Леонид Броневой.
Ҳамчунин бародари раисҷумҳури Тоҷикистон Нуриддин Раҳмонов дар синни 67-солагӣ аз олам дар гузашт.

Нависанда ва ҳунарманд Михаил Задорнов дар синни 70-солагӣ дар паи беморӣ аз олам дар гузашт.

Табиб Аллан Чумак дар синни 83-солагӣ дар Маскав аз олам чашм пӯшид.

3/18
© AP / Seth Wenig
Сарфи назар аз вазифаи сангин Виталий Чуркин ҳамеша барои ҳазлу шӯхӣ вақт меёфт

Овозхони опера Дмитрий Хворостовский (баритон) дар синни 56 солагиаш дар Лондон дар гузашт.

Ҳунарманд Дмитрий Марянов дар синни 48-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Кумитаи тафтишот сабаби даргузаштани ҳуармандро сари вақт ҳозир нашудани ёрии таъҷилӣ ва ба сифат ҷавобгӯ набудани ёрии тибӣ медонад.

Ҳунарманди мардумии ИҶШС Алексей Владимирович Баталов дар синни 89-солагӣ аз олам дар гузашт.

Овозхони гурӯҳи Linkin Park Честер Беннингтони 41 сола худкӯшӣ кард. Ҷасади ӯро аз манзилаш ёфтанд.

Иля Глазунов-рассоми машҳури Русия дар синни 88-солагӣ аз олам дар гузашт.

Коргардон ва ҳунарпеша Вера Глаголева дар паи беморӣ дар синни 62-солагӣ дар Олмон дар гузашт.

Раисҷумҳури пешини Олмон Гелмут Кол дар синни 87-солагӣ вафот кард. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ки Кол дар созмон додани Иттиҳоди Урупо нақши муассир дорад.

Георгий Гречко-халабони ИҶШС, узви Акамедияи байнулмилалии астронавтика, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар синни 85-солагӣ вафот кард.

Евгений Евтушенко шоири машҳур дар синни 85-солагиаш дар Амрико вафот кард.

Коргардон Шуҳрат Нуралиев дар паи бемории диабети цанд дар синни 37-солагь аз олам дар гузашт.

Бародари раисҷумҳури Нуриддин Раҳмон рӯзи 7 -уми октябри соли 2017 аз бемории сактаи дил дар синни 67-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Ҳунарманди тетар ва кино, Ҳунарманди хизматнишондодаи Қазоқистони советӣ дар синни 75*солагиаш дар Маскав вафот кард.

Олег Яковлев овозхони пешини гурӯҳи "Иванушки International" дар синни 48-солагиаш дар паи беморӣ дар бемористони Маскав ҷон дод.

Яке аз беҳтарин муҳофизи дастаи "Динамо" Виктор Тсарев дар синни 86-солагӣ аз олам дар гузашт.

Ҳунарманд Леонид Броневой дар синни 89-солагиаш дар паи беморӣ дар Маскав дар гузашт.