Талаби вазирони араб аз Амрико: қароратонро бекор кунед

© Sputnik / Алексей ДружининПредставители высших государственных чинов королевства Саудовская Аравия, архивное фото
Представители высших государственных чинов королевства Саудовская Аравия, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои кишварҳои арабзабон аз ИМА талаб дорад, то қарори худро бобати Байтулмуқаддаст бекор кунад ва Исроилро ба риояи созишномаҳои байнулмилалӣ маҷбур кунад

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Лиги кишварҳои араб аз ҳукумати Амрико талаб карда, ки қарори худро бобати эътирофи Байтулмуқаддас чун пойтахти Исроил бознигарӣ кунад. Дар ин бора дар изҳороти муштараки вазирони хориҷаи кишварҳои араб  гуфта шудааст.

"Шӯрои кишварҳои араб аз Амрико талаб карда, ки қарори худро бекор кунаду ҳамроҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ Исроилро ба риояи созишномаи СММ маҷбур сохта ғасби ғайриқонунии заминҳои арабнишинро, ки аз 4 июни соли 1967 ба онҳо тааллуқ доранд, хотима диҳад", —омадааст дар изҳорот.

Глава Чечни Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Хашми Қодиров аз қарори Трамп дар бораи Байтулмуқаддас

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп рӯзи чаҳоршанбе бо тасвиби қонуне Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил пазируфт ва қарори кӯчонидани сафорати худро аз Тел-Авив ба ин шаҳр қабул кард.

Ба фикри вазирони араб ин қарор бедарак аст ва ҳуқуқи байнулмилалиро поймол ва бар хилофи қарордоди Шӯрои амнияти СММ аст.

"Ин қарор ягон натиҷаи қонунӣ надорад ва танҳо кӯшишҳои сулҳофариниро канда карда, шиддатро дар минтақа боло мебарад, далели афзун шудани қаҳру ғазаб ва таҳдиди бештар шудани зӯроварӣ, хунрезӣ, бетартибӣ ва ноустувории ҳаёт дар саросари Ховари Миёна мешавад",-гуфтанд вазирони араб.

Қарори Доналд Трамп чандин раҳбарони ҷаҳониро ба хашм овард. Аз ҷумла раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров гуфта, ки Доналд Трамп бо ин қарори худ Исроилро ба ҷанги нав ворид мекунад.

Бархе аз коршиносон бовар доранд, ки Ховари Миёна мушкилоти аз ин бештар дорад ва масъалаи Байтулмуқаддас пас аз ду се моҳ ҳал хоҳад шуд.    

Лентаи хабарҳо
0