ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати тандурустӣ, имрӯз дар доираи таҷлили "Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия" дар маркази миллии тиббӣ "Шаҳраки шифобахш" миёни кормандони тиб вохурии роҳбарият ва сохторҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки ин дидор бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҷомеа, бахусус миёни кормандони тиб гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Нигора Муқимӣ, Сардори раёсати дуюми сарраёсати пешгирии корупсия ва кормандони дигар идораҳои марбутаи ин ниҳод намояндагӣ намуда, дар чорабинӣ Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ, роҳбарият ва сохторҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
"Зимни вохурӣ намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва роҳҳои мубориза алайли ин зуҳурот инчунин дар самти амалисозии "Стратегияи муковимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 " корҳои пешгирии коррупсионӣ дар байни кормандони тиб баромадхо намуда аз оқибатҳои даст задан ба амалҳои ришваситонӣ ва хисороту хислатҳои манфии он ба ҷомеа ва давлат ба иштирокчиён маълумот доданд", — омадааст дар хабарнома.
"Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия" ҳамасола рӯзи 9 декабр дар саросари олам таҷлил мешавад.